Ахбор

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ САОДАТ ВА ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

3 дақ. хондан

Имрӯз, (23.11.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ намуда таъкид дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар барои ҳар як шаҳрванди мамлакат азизу гиромӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносии таърихӣ ва ифтихори ватандории мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳои муҳимми миллӣ буда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳангу таърихи ғанӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Рангу рамзҳои дар Парчами давлатӣ таҷассумёфта ҳар кадом дорои мазмуну муҳтавои амиқи таърихию фарҳангӣ мебошанд. Онҳо, аз як тараф, бозгӯйи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ва аз ҷониби дигар, ифодагари пайванди наслҳо, меросбарии арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон мебошанд.

Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Бобоҷон Наимзода, дар мавзуи «Асосҳои танзими ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, доир ба заминаҳои ҳуқуқии мақому манзалат ва тартиби истифодаи Парчами давлатӣ андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки парчам дар таъриху тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон мақоми арзанда дошта, яке аз унсурҳои муҳимми фарҳанги миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Парчами давлатӣ дар фаъолияти давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа нақшу ҷойгоҳи махсус дорад.

Ҳамчунин, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳ дар мавзуи «Парчам – нишоне аз мавҷудияти давлати миллӣ» суханронӣ намуда, аҳаммияти таърихию фалсафии Парчамро дар ташаккул ва таҳкими худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Мавсуф таъкид кард, ки: «Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи мо мебошад».

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёрии кишвар буда, ҳамчун омили муҳимми таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ хизмат менамояд. Парчами давлатӣ ҳар як шаҳрванди кишварро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.

Дар фарҷом донишҷӯёни Донишгоҳ дар васфи Парчами давлатӣ шеърҳои ватандӯстона қироат намуданд.