ДАСТГИРИИ МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ

89

Ин навбат қабули шаҳрвандон дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардида, муроҷиаткунандагонро ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. пазируфт.

Пас аз шунидани муроҷиатҳо ректори Донишгоҳ ба масъулини сохторҳои марбута оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ дастурҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки муроҷиатҳои имрӯза масъалаҳои давра ба давра тамдид намудани пардохти маблағи шортномаи таҳсил, таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ, таҳсил дар зинаи магистратура ва доктор Ph.D-ро дар бар мегирифт.