ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

256

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин нукта имрӯз (13.08.2024) зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба ин муносибат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қасамёдкунии хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ ва супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба беш аз 250 нафар хатмкунандаи Донишгоҳ, ки давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, дипломи аълочӣ дода шуд.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин хатмкунандагонро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсаф мебошад.

Дар идома аз дастовардҳои назарраси Донишгоҳ, аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва тасдиқи дипломи ягонаи ДМТ суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки намунаи дипломҳои Донишгоҳ ҷавобгӯ ба меъёру талаботҳои байналмилалӣ мебошад.

Баъдан устоди факултети тиббӣ Муродалӣ Юлдошев ва профессори факултети филология Солеҳ Мирзоев аз номи устодони Донишгоҳ тамоми гирандагони дипломи сурхро табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро таманно доштанд.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.

Сипас Суруш Шарифзода – хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ, Оминаи Рустам– хатмкунандаи факултети журналистика аз номи хатмкунандагон ва гирандагони дипломи сурх суханронӣ намуда, ба роҳбарият ва коллективи устодону кормандони Донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамроҳ бо садорати факултетҳо ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супориданд.

«Мо умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт ректори Донишгоҳ зимни суханронии ҷамъбастии хеш.

Ёдовар мешавем, ки дар тантанаи супоридани дипломҳои аъло роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва волидайну наздикони чанде аз хатмкунандагон иштирок доштанд.