ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҶАЛАСА

91

Имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э. С. ба масъулини сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, аз ҷумла қисмати Комиссия қабули довталабон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зимнан ҷиҳати беҳтар намудани ҷараёни қабули довталабон ва шароити мусоид фароҳам овардан дар факултетҳои Донишгоҳ масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Дар зимн ректори Донишгоҳ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои масъулиятнок ёдовар шуда, муовини нави ректор оид ба таълими Донишгоҳ – Раҷабзода Фаридун Кишварро муаррифӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар мувофиқа бо муассиси Донишгоҳ Раҷабзода Фаридун Кишвар – номзади илмҳои биологӣ, дотсент ба вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ таъин шуд, ки қабл дар ин вазифа доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Собирзода Нуралӣ Миралӣ фаъолият мекард.

Дотсент Раҷабзода Ф.К. яке аз омӯзгорони ҷавон, масъулиятшинос ва донишманд буда, соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистондохил шуда, соли 2015 онро бо ихтисоси дорусозӣ хатм кардааст. Раҷабзода Ф.К. дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи фарматсияи факултети фарматсевтии ДМТ, соли 2017 магистранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, соли 2020 муовини декани факултети фарматсевтии ДМТ оид ба тарбия, солҳои 2019-2021 унвонҷӯйи кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии ДМТ, солҳои2020-2021 муовини декани факултети фарматсевтии ДМТ оид ба таълим ва солҳои 2021-2022 сармутахасиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ – ро ба уҳда дошт.

Раҷабзода Ф.К. номзади илмҳои биологӣ, дотсент ва аз моҳи апрели соли 2022 декани факултети фарматсевтии ДМТ буд.

Дотсент Раҷабзода Ф.К. дар баробари таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин, ба пажуҳиши самтҳои мухталифи соҳа машғул буда, муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Мавсуф дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф ва ҷавонон мебошад.

Масъулият муборак!