ИМРӮЗ ДАР ДМТ: ПАЁМ, ХУДШИНОСӢ ВА ОЯНДАСОЗӢ

21

Имрӯз (22.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ – тарбиявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои рӯҳбаландиву ватандӯстиро фароҳам овард.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳим мебошад. Зимнан иброз гардид, ки Паёми навбатӣ, ки 26-уми декабри соли 2024 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои рушди ҷомеа буда, ҷавононро ба сӯйи худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Исмоилзода С.А. суханронӣ намуда, оид ба муҳиммияти таъмини волоияти қонун ва муборизаи бунёдӣ бо падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, аҳли толорро барои мубориза бурдан бо коррупсия ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ даъват намуд.

Сипас, муовини сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ оид ба масъалаҳои худшиносии миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими суботи ҷомеа сухан намуда, иброз дошт, ки худшиносии миллӣ барои ҷавонон на танҳо шинохти гузаштаи пуршарафи миллат, балки масъулият дар назди Ватан миллат ва ҷомеаро вогузор менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов А. оид ба “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паём” маърӯза намуда, зикр намуд, ки сиёсати хориҷии давлат ҳамчун абзори муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат менамояд.

Баргузории чунин чорабинӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати расмӣ, балки раҳнамои зиндагии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.