АРҶГУЗОРӢ БА ДАСТОВАРДҲОИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

20

Имрӯз (29.04.2025) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин дорандагони ҷоизаҳои илмию инноватсионӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбарият бо изҳори табрикоти самимӣ аз дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯён ёдоварӣ шуданд.

Муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. зимни суханронӣ саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро дар амалӣ кардани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас арзёбӣ намуд. Баъдан ба устодону донишҷӯён барои фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодияшон муваффақиятҳо таманно намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки устоди Донишгоҳ Мурод Муродӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баланди «Олими сол» сарфароз гардид. Инчунин, зумрае аз донишҷӯён дар XV Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё (ФР) бо роҳбарии директори Парки технологияи Донишгоҳ Муродзода У.У. фаъолона иштирок карданд.

Илова бар ин, дар вохӯрӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»: Абдуллоева Марзия – донишҷӯи курси 4-уми факултети химия, Исмоилова Насиба – донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ, Сафарзода Фирӯз – докторанти PhD-и факултети физика ва Аслонов Азимҷон – докторанти PhD-и факултети химия, ҳамзамон, гирандагони Стипендия ва Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ муаррифӣ шуданд.

МИЁНИ ОМӮЗГОРОН:

1.Ҳакимзода Ҷумахон Немон – ассистенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи Донишгоҳ (барои Стипендия) ;

2.Сурайё Саидумари Бобосаидзода – докторант, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)-и факултети химия (барои Ҷоиза) ;

3.Аслонов Азимҷон Абдулҳусайнович – докторант, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)-и факултети химия (барои Ҷоиза) ;

4.Ғафоров Алишер Бобобекович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математика (барои Ҷоиза);

5.Бобоева Шукрона Сайдмудиновна – докторант, доктор аз рӯйи ихтисос PhD -и факултети иқтисод ва идора (барои Ҷоиза);

6.Исматов Файзулло Раҳматуллоевич – докторант, доктор аз рӯйи ихтисос PhD -и факултети механикаю математика (барои Стипендия).

МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН:

1.Насриддинова Раъно Хуршедовна – донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ (Ҷоиза);

2. Раҷабзода Хусрав Зайнулло – донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ;

3. Раҳмонов Абдураҳмон Акбархонович – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ;

4. Саидзода Мухаммадчон Алишер – донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ;

5. Давлатёров Суҳайли Сайфудинович – магистранти курси 2-юми факултети фалсафа;

6. Сафарзода Фарзод Фарҳод – донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ;

7.Саидҷони Обидҷон – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ;

8. Сафарзода Сино Диловар – донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ;

9. Муминов Шарифҷон Ҷамахонович – донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ;

10. Наимзода Шабнам Содиқ – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ.