АЗ МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ТО ҶАМЪБАСТИ МОҲВОРАИ ФУТБОЛ ДАР ДМТ

54

Аз 1 май то имрӯз, 24 майи соли 2025, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳвораи футбол таҳти унвони «Футбол – омили муҳимми таҳкими сулҳ ва таъмини саломатии аҳолӣ» баргузор гардид. Ин иқдоми маърифатӣ-варзишӣ дар доираи татбиқи ташаббуси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) бахшида шудааст.

Имрӯз чорабинии ҷамъбастии Моҳвора бо ширкати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Маросими расмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., зимни суханронӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуда, варзишро ҳамчун омили муҳими тарбияи маънавию ҷисмонӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдат таъкид намуд.

Бо мақсади қадршиносӣ аз саҳми футболбозони Донишгоҳ, ба аъзои дастаи донишгоҳии «Сомон» ва футболбозони хурдсол -хонандагони Литсей тубҳои футбол ва либосҳои варзишӣ тақдим карда шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ мусобиқаи футболи хурд миёни устодону кормандони Донишгоҳ, ки яке аз қисматҳои муҳими Моҳвораи футбол ба ҳисоб мерафт, ҷамъбаст гардид. Баъд аз рақобатҳои шавқовар ва рӯҳбаландкунанда, дастаҳои зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд:

#Ҷойи якум: Дастаи раёсати ДМТ

#Ҷойи дуюм: Дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ

#Ҷойи сеюм: Дастаи факултети молиявию иқтисодӣ

Ғолибон бо Ҷом, медал ва Ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, бозингари беҳтарин, дарвозабони беҳтарин ва масъулини мусобиқа низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Моҳвораи футбол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии муҳим барои таҳкими ҳамбастагӣ, баланд бардоштани рӯҳияи варзишӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеаи донишгоҳӣ гардид. Роҳбарияти Донишгоҳ изҳор дошт, ки чунин иқдомҳои варзишию фарҳангӣ минбаъд низ бо муҳтавои васеътар идома хоҳанд ёфт.