Имрӯз (5.06.2025) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ гардиданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Назриддинзода Э.С. як зумра устодону донишҷӯёнро барои комёбиҳои илмӣ ва таълимияшон дар сатҳи байналмилалӣ самимона табрик намуданд. Аз ҷумла, муовини директори Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ Аловиддинзода Рухшона Аловиддин барои иштироки фаъолонааш дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти занон-ихтироъкорон таҳти унвони “KIWIE – 2025”, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, сазовори медали тилло ва ҷоизаи махсус гардида, бо арзи сипос табрик кард. Ҳамзамон, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Тағоев Маҳадмумин Раҳимович барои роҳнамоӣ ва омодасозии шогирдон, ки дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, шодбош намуданд.
Дастовардҳо муборак бошанд!

