ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

69

Устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар семинари илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Равандҳои муосир оид ба татбиқи барномаҳои таҳсилотии магистратура ва докторантураи Ph.D: таҷриба, мушкилот ва дурнамо”, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин ҳамоиши илмӣ-методӣ мубодилаи таҷрибаи муфид, баррасии мушкилоту чолишҳои мавҷуда дар татбиқи барномаҳои таҳсилоти магистратура ва докторантураи Ph.D, ҳамчунин муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушд дар ин замина буд