
Имрӯз (24.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар толори Шурои олимони факултети таърих вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва таърихии Донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯриҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, огоҳ кардани онҳо аз хатарҳои терроризм ва экстремизм ва омӯзиши стратегияҳои соҳавӣ ташкил шуд.
Дар вохӯриҳо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хатарҳои террористӣ ва экстремистӣ, таҳдидҳои нав, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо рӯбарӯ аст, сухан гуфтанд. Онҳо ба донишҷӯён ва омӯзгорон дар бораи роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар замони муосир, муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ маълумот доданд.

Дар баромади меҳмонон таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм имрӯз ҳамчун як хатар ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба амният ва устувории давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, хатар эҷод кунад. Меҳмонон қайд карданд, ки таҳдидҳои мазкур на танҳо барои амнияти кишварҳо, балки барои тинҷӣ ва суботи ҷаҳонӣ низ хатарнок мебошанд.
Намояндагон таъкид намуданд, ки пешгирии чунин хатарҳо бояд дар асоси таҳлили амиқи вазъият, ҳамоҳангӣ байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таълимӣ сурат гирад. Ба гуфтаи онҳо, агар ҷавонон ба хатарҳои терроризм ва экстремизм ва роҳҳои муқовимат бо онҳо огоҳӣ пайдо кунанд, онҳо метавонанд дар пешгирии ин хатарҳо нақши муҳим дошта бошанд. Изҳор доштанд, ки ҷавонон ҳамчун наслҳои оянда ва масъули ҷомеа бояд фарогири маърифати баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, ки дар натиҷа онҳо метавонанд дар раванди таҳкими сулҳу субот ва пешгирии хатарҳои террористӣ, инчунин, пешгирии таҳдидҳои замони муосир нақши ҳалкунанда дошта бошанд.
Дар охири вохӯриҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Ёдовар шуд, ки вохӯриҳои мазкур барои донишҷӯён ва омӯзгорон як имконияти муҳимми омӯзишӣ ва мушаххас барои шеносоии амиқ бо хатарҳои терроризм ва экстремизм, инчунин, мавзуҳои дигари доғи рӯз буд. Зикр шуд, ки бо тавсияҳои коршиносон ва омодагии ҷавонон ба таҳкими сулҳ ва амният дар кишвар, Тоҷикистон метавонад дар пешгирии хатарҳои глобалӣ ва таҳаввулоти манфии иҷтимоӣ нақши муҳим гузорад.