КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ»

15

Аз 10 то 12 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забон ва адабиёти рус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Конференсия бо ташаббуси факултети филологияи рус, Маркази русии Фонди «Русский мир» ва Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Русия» низ иштирок мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус русӣ ва англисиро тақозои замон шуморида, пайваста дар баромадҳои худ аз муҳимияти азхуднамоии онҳо таъкид мекунанд.

Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забон ва адабиёти рус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» бо тантана баргузор гардид.

Дар ҳамоиш меҳмонон, устодону донишҷӯён, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), олимону муҳаққиқони соҳа ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Намояндаи ДМТ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки баргузории чунин конфронсҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни кишварҳои минтақа нақши муассир доранд. Ӯ зикр кард, ки забони русӣ имрӯз ҳамчун воситаи муҳимми муоширати илмӣ ва фарҳангӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ ҷойгоҳи худро нигоҳ доштааст ва бояд ин раванд боз ҳам густариш ёбад.

Баъди анҷоми қисмати тантанавӣ, кори пленарии конференсия оғоз ёфт. Дар ин қисмат олимону муҳаққиқони шинохта аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.

Маросими кушодашавии конференсия дар фазои идона ва созанда анҷом ёфт. Ҳамаи иштирокчиён аҳаммияти стратегӣ ва илмии ин чорабиниро таъкид намуда, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташкил ва қабули гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҳадафи асосии конференсия – ташкили муколамаи касбии муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия барои таҳияи роҳҳои ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои судманди байналмилалӣ дар соҳаи русшиносӣ дар шароити ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳамзамон, баргузории ҳамкориҳои зич дар самтҳои илм, маориф ва фарҳанг аз дигар ҳадафҳои муҳими ин чорабинӣ ба шумор меравад. Илова бар ин конференсияи мазкур ба таблиғу омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвияти мавқеи он дар фазои пасошӯравӣ мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки забони русӣ яке аз шаш забонҳои кории Созмони Милали Мутаҳид маҳсуб ёфта, бо ин забон дар дунё беш аз 300 миллион одам ҳарф мезананд.

Дар кори конференсия сафирони Фавқулода ва Мухтори Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 100 нафар донишмандон, устодон ва мутахассисони пешсаф аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзида истодаанд.

Дар ҷаласаи пленарӣ гузоришҳои олимони барҷаста дар соҳаҳои забоншиносӣ, усули таълими забони русӣ ва адабиётшиносӣ пешниҳод гаштанд.

Аз ҷумла, мавзӯъҳои асосӣ чунинанд:

• тамоюлҳои рушди забони русӣ дар Осиёи Марказӣ;

• забони русӣ дар фазои фарҳангии кишварҳои ИДМ;

• неологизмҳо дар забони русии соли 2020-ум;

• технологияҳои инноватсионӣ дар таълим;

• медиазабоншиносӣ ва шаклҳои муосири медиадискурс.

Дар нимаи дуюми рӯзи 10 ноябр ҷаласаҳои бахшӣ дар самтҳои зерин доир гардид:

1. Филологияи рус: анъана ва замони муосир

2. Тадқиқотҳои типологӣ ва тарҷума: самтҳои муҳим

3. Методикаи таълими забон ва адабиёти рус

Рӯзи 11 ноябр семинари байналмилалии методӣ ва силсилаи мастер-классҳои олимони рус баргузор мегардад, ки ба усулҳои муосир ва технологияҳои рақамии таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ бахшида шудаанд.

Мастер-классҳоро устодон аз Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Институти давлатии забони русӣ ба номи Пушкин, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии педагогии Олтой, МГИМО, Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Тула ба номи Л.Н. Толстой ва дигар муассисаҳои олии касбии Русия мегузаронанд.

Рӯзи 12 ноябр иштирокчиён дар мизҳои мудаввар масъалаҳои зеринро баррасӣ мекунанд:

• мушкилоти таҳияи китобҳои дарсии насли нав барои фанҳои забон ва адабиёти рус;

• нақши Марказҳои русии Фонди «Русский мир» дар ҳифз ва густариши забон ва фарҳанги русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;

• саҳми маҷаллаҳои илмӣ ва таълимии русизабони Тоҷикистон дар пешбурди забони русӣ.

Дар анҷоми конференсия натиҷаҳои он ҷамъбаст шуда, қарор қабул ва ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо (сертификатҳо) супорида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони русӣ яке аз забонҳои таълимии асосӣ дар аксар ихтисосҳо мавҷуд буда ба ҳисоб мерафад ва факултети филологияи руси Донишгоҳ омӯзгорони баландихтисоси забони русиро дар қаламрави кишвар омода месозад.