КУМИТАИИҶРОИЯИИБТИДОИИ “ДОНИШ”-ИҲХДТДАРДОНИШГОҲҒОЛИБИОЗМУНИ “КУМИТАИИҶРОИЯИИБТИДОИИФАЪОЛ”

16

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

27-уми ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бо мақсади қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, таҳти унвони “ҲХДТ – меъмори давлатдории навини тоҷикон” ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар он роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур – Зуҳурзода Заррина, роҳбарон ва намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.

Қисмати расмии ҳамоиши бошукӯҳ бо суханронии роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар оғоз ёфт.

Мавсуф, нахуст кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар пойтахтро ба ифтихори 31- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ҲХДТ дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон, бориз мебошад.

Дар идома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Абдураҳим Шоҳиён ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур – Зуҳурзода Заррина бо баёни беҳтарин таманниёти хеш баҳри ҳозирин бахшида таҷлили солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Дар идома, маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбии “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”, “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, Ташкилоти ибтидоии фаъол дар маҳаллаҳо (шаҳрак)”, “Вакили ташаббускор”, “Корманди шоиста”, “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ” ва “Хабарнигори варзида” доир гардид.

Гуфта мешавад, ки озмунҳои мазкур бо мақсади тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти риояи талаботи Оинномаи ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавӣ дар доираи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадаф аз баргузории он таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҳавасмандгардонии аъзои фаъоли ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону таблиғотчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ мебошад.

Маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои болозикр дар фазои тантанавӣ, дар сатҳи бошукуҳ доир гардида, ғолибон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир бо ҷалби ҳунармандони шинохта барномаи фарҳангии ҷолиб, иборат аз шеъру таронаҳои марғуб ва тарғибгари ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба ҳамоиш ҳусну таровати дигар бахшид.

ХҲДТ Шоҳмансур