ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ – ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ВИЖАИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ

16

Имрӯз (15.01.2026) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳ бо ҳайати илмӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо роҳбарони сохторҳои гуногун ва муҳаққиқон вобаста ба масъалаҳои мубрами фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳ ба масъалаи такмили фаъолияти илмию таълимии муҳаққиқон, сари вақт омода ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин самтҳоро аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.

Зимнан гуфта шуд, ки ин масъала дар сиёсати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, татбиқи он омили муҳимми рушди илм, таҳкими иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад”.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ масъалаҳои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда, иштироки фаъолона дар ҳамоишу чорабиниҳои илмию таълимӣ, пайваст намудани илм бо истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар ҷараёни таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом ректори Донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти илмӣ ва ҷоннок сохтани низоми коргузорӣ дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.