Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ дошта, он яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон ба шумор меравад. Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз ҷашни Сада имрӯз (29.01.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллии тоҷикон» баргузор гардид.
Қаблан дар саҳни тоза сафолпӯшгардида, бо нишастгоҳҳои муосир ороёфта ва бо барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни тоза касбнамудаи Донишгоҳ, намоиши гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, дастархони идона, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари суннату арзишҳои ҷашни Сада мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Аз ин намоишгоҳ меҳмонон, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ боздид намуданд. Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳ зумрае аз дастовардҳои илмию таълимии устодони Донишгоҳ низ пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд.
Баъдан дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмию фарҳангӣ доир гардид, ки дар кори он ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши бошукуҳ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки ҷашни Сада аз ҷумлаи расму оинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.
Зимнан таъкид карда шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми кишвар бахшида ба ҷашни Сада дар баробари омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, инчунин, ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ баҳри пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.
Инчунин, дар идомаи ҳамоиш профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология Муҳриддин Низомӣ, доир ба “Бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, дотсенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ Зарина Гулмирзоева доир ба “Сада ҷашни қадими таърихӣ” ва ассистенти кафедраи астраномия Ҳусейн Асоев оид ба “Таҷлили ҷашни Сада ва ҷанбаҳои илмии он” маърӯзаҳо намуданд.
Зикр гардид, ки Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар бахши фарҳангии ҳамоиш ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ барномаи рангинеро манзури ҳозирин намуданд.













