Имрӯз (04.02.2026) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси омӯзишии «Зан-сарвар» барои соли 2025 ва оғози курси мазкур барои соли 2026 баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, раисони бонувони факултетҳо ва иштирокчиёни курси омӯзишӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э. С., ҳамчунин муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д. М. нақши бонувонро дар рушди давлатдорӣ, маориф ва ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, саҳми онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногун таъкид карданд.
Дар идома ба раисони бонувони факултетҳо Ифтихорнома ва ба хатмкунандагони курси омӯзишии «Зан-сарвар» дар соли 2025 Шаҳодатнома супорида шуд.
Қайд гардид, ки курси омӯзишии «Зан-сарвар» дар соли 2026 тибқи нақшаи тасдиқгардида бо ҷалби мутахассисон ва чеҳраҳои шинохтаи кишвар баргузор мегардад.











