Имрӯз (10.04.2020) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида мешавад. Тибқи нақша Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз чор давра иборат буда, аз моҳи апрел то моҳи декабр гузаронида мешавад.
Маводҳои монанд
Ахбор НАҚШИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ: ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз (09.10.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо…
Ахбор ШОМИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ, РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Шоми имрӯз (6.10.2026) ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии…
Ахбор ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар баланд бардоштани маърифату худшиносии…
Ахбор ВУСЪАТЁБИИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…





