Имрӯз (10.04.2020) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида мешавад. Тибқи нақша Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз чор давра иборат буда, аз моҳи апрел то моҳи декабр гузаронида мешавад.
Маводҳои монанд
Ахбор «ЗАН-САРВАР» – МАКТАБИ ТАРБИЯИ РОҲБАРОНИ ОЯНДАСОЗ
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (20.11.2026) бо…
Ахбор БА ХОТИРИ ШОИРИ МИЛЛАТ: БОЗОР СОБИР ВА МОНДАГОРИИ ШЕЪРИ Ӯ
Имрӯз (20.11.2026) ба муносибати зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир бо ибтикори факултети филологияи Донишгоҳи миллии…
Ахбор ПЕДАГОГИКАИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҲАВВУЛИ ТАЪЛИМОТИ МУОСИР
Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти…
Ахбор БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ХИМИЯ ВА ФАРМАТСЕВТӢ
Санаи 19-уми ноябри соли 2026 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳимми…





