Имрӯз (03.03.2026) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ, химия ва тиббӣ бо ёрдамчии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Омина Шуҳратзода ва сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур1-и шаҳри Душанбе, полковник Давлатзода Нурзод баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳ Мардихудо Давлатов оғоз ёфт.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷинояту ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ҳисси ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҳамкории зичи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ метавонад дар тарбияи насли огоҳу масъулиятшинос нақши муҳим бозад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.











