Дар доираи силсилаи вохӯриҳои маърифатӣ, ки бо иштироки масъулини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбии донишгоҳ баргузор мегарданд, масъалаҳои муҳими худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин нақш ва аҳамияти парчам ва парчамбардорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин вохӯриҳо дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ шудааст
Дар вохӯрии навбатӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д.М., декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, дотсенти факултети филология Ҳалимова Сафаргул, мудири кафедраи ҳарбӣ Қурбонзода Дилшод, инчунин, садорати факултетҳои муносибатҳои бақналмилалӣ, филологияи рус, физика ва забонҳои Осиё ва Аврупо иштирок намуданд.
Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи ҳарбӣ Қурбонзода Дилшод ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо на танҳо барои густариши ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷавонон, балки барои бедор сохтани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Сипас, мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С. доир ба масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки тарбияи ватандӯстӣ танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад, балки он дар заминаи фарҳанг, адаб ва маърифати баланд шакл мегирад.
Мавсуф таъкид дошт, ки баргузории чунин озмуну маҳфилҳои маърифатӣ дар рушду ташаккули шахсияти ҷавонон нақши муҳим дошта, онҳоро ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихӣ раҳнамоӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, маҳз ҷавонони дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми арзанда гузошта, ояндаи устувору ободи кишварро таъмин намоянд.
Баъдан дотсенти факултети филология Ҳалимова Сафаргул дар робита ба мавзуи Парчам дар «Шоҳнома» суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тамоми рукнҳо ва оинҳои давлатдории мо таҷассум ёфта, шоир хиради воло, фазилату маърифат, азму ирода, матонату ҷасорат ва ҷойгоҳи баланди ниёгони моро дар ин ҷода тасвир менамояд. Мардумони хирадманду соҳибэъҷози эронинажод рамзҳои давлатдории худ: тоҷу тахт, нишону дурафш, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии моро ифода менамуданд, муқаддас медонистанд. Дурафш аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, нишону аломати сипоҳ ифодагари шукӯҳу шавкати ҳокимият, иқтидору ифтихор, баёнгари ҳуввияти миллӣ ба шумор мерафт. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мафҳуми дурафш низ, ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдорӣ, ҷойгоҳи хоса дошта, тасвири он басо густурда аст. Барои ифодаи ин мафҳум шоир вожаи дурафш/дирафшро корбаст менамояд ва доираи истеъмоли он дар асар хеле зиёд аст. Беш аз 500 байт пайдо кардем, ки дар онҳо вожаи “дурафш” маънии парчам, байрақро дорад. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин вожа дар шакли дурафш ва дирафшдучор мегардад ва рамзи давлат ва сипоҳро ифода менамояд:
Биёвар сипоҳу дирафши маро,
Ҳамон тахту зарринакафши маро.
Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д.М. зимни суханронии худ аз аҳаммияти баргузории чунин вохӯриҳои маърифатӣ ёдовар шуда, ҷанбаҳои муҳимми тарбиявии онҳоро махсус таъкид намуд. Гуфта шуд, ки ин гуна нишастҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон нақши муассир мебозанд. Зикр кард, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густариши баргузории чунин ҳамоишҳои тарбиявӣ миёни ҷавонон зарур ва саривақтӣ мебошад. Дар фарҷоми суханронӣ ҷавононро ба сайқал додани донишҳои ҳуқуқӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи ҳамида ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи солим даъват намуд.












