ОҒОЗИ ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

13

Соли шашум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 январи соли 2025, таҳти №АП-710) дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оид ба аҳаммияти илмӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ кард. Қайд гардид, ки роҳандозӣ шудани озмуни мазкур аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур Донишгоҳи миллӣ тамоми шароити зарурро муҳайё намуда, довталабон метавонанд аз озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳ ба таври васе истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2021 инҷониб баргузор гардида истодааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва докторантон баргузор гашт, ки 120 нафар ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳиявию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.