Имрӯз (15.04.2026) дар доири нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар факултети фалсафа ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳидин, сардори Раёсати тарбияи ДМТ Мардихудо Давлатов ва мутахассиси шуъбаи тарбия, котиби Комиссияи танзими ҷашну маросим дар Донишгоҳ Хоҷаев Довуд иштирок доштанд. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултет Саидзода Далер ва сардори Раёсати тарбия Мардихудо Давлатов оғоз ёфт.
Зимнан намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳидин иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ба тасвиб расидааст. Мақсади асосӣ ва ниҳоии ин қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат мебошад. Гузашта аз ин, он ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.












