ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДМТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР САМТҲОИ МУХТАЛИФ

17

Рушди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар сарчашма мегирад. Дар доираи сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақа пайваста чораҳои судманд меандешад.

Дар доираи ин сиёсат санаи 15-17 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи ZARMED шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар форуми байналмиллалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ» иштирок намуда, дастовардҳо ва натиҷаҳои илмииро муаррифӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз кишварҳои гуногун, ба монанди Россия, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Донишгоҳ таҳти роҳбарии мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Нурулло Шариф ширкат варзиданд.