ҲАМКОРИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БО ДОНИШГОҲИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ПЕДОГОГИКАИ УЗБЕКИСТОН

16

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорои хусусияти бисёрсамта буда, ҳамкориҳои мутавозинро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Дар доираи сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сохторҳои дахлдори кишвар баҳри татбиқи онҳо чораҳои судманд меандешад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои илму таълим, омӯзиши таҷрибаи муассисаҳои таҳсилотии олии кишварҳои хориҷӣ ҳамеша устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро ба сафарҳои хизматӣ сафарбар менамоянд. Бо мақсади такмил додани равобити ҳамкорӣ бо Донишгоҳи иқтисодиёт ва педогогикаи Ҷумҳурии Узбекистон дар самти нашри мақолаҳои муштарак, ташкили конфересияҳо ва форумҳо, ҷалби устодони ботаҷриба дар хондани лексияҳои таълимӣ, гузаштан аз курси такмили ихтисос, табодули академии устодону донишҷӯён аз санаи 17 то 18-уми апрели соли 2026 мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарифзода Нурулло Шариф ва номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ Маҳкамзода Фурқат ба Донишгоҳи иқтисодиёт ва педогогикаи Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд.

Дар доираи сафари мазкур мулоқот бо роҳбарияти Донишгоҳи иқтисодиёт ва педагогикаи Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар шахсони масъул баргузор карда шуд, ки ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда лоиҳаи санади ҳамкориро доир ба самтҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд.