ТАҚВИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ФОРСӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ

11

Имрӯз (21.04.2026) директори таҳсилоти Коллеҷи Фитсвиллями Донишгоҳи Кембриҷ доктор Маҳбод Ғаффорӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омӯзиши забони форсӣ, такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани малакаи донишҷӯёни ихтисоси забони форсиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи таълимӣ, аз ҷумла роҳандозии барномаҳои муштарак, баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамзамон, атрофи масъалаҳои табодули донишҷӯёни Донишгоҳи Кембриҷ барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва ташкили мактабҳои тобистона мубодилаи афкор сурат гирифт, ки он метавонад заминаи мусоид барои таҳкими равобити байналмилалии таълимӣ фароҳам оварад.

Дар фарҷом намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафар меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат ва инчунин аз шароити таълиму омӯзиш дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳ боздид намуданд.