ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

19

(Андешаву муолоҳизаҳо атрофи Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» / Қурбонализода Н.Ш., Хурсандзода С. – Душанбе: Эр-Граф, 2024. – 312 с.)

Дар шароити таҳкими давлатдории миллӣ ва афзоиши нақши арзишҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадриҷан ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Маҳз дар ҳамин замина, ба табъ расидани асари илмӣ-таҳқиқотии “Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»”, ки аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қурбонализода Нурулло Шамсулло ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Хурсандзода Сулаймон таҳия гардидааст, иқдоми саривақтӣ ва посух ба талаботи воқеии рушди низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, 24 декабри соли 2022, №1920 қабул гардидааст, санади меъёрии ҳуқуқии муҳимме мебошад, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ равона шудааст. Он бо услуби равон ва оммафаҳм таҳия гардида, ба дарки амиқи мазмун ва моҳияти меъёрҳои қонуни мазкур мусоидат менамояд. Тафсири пешниҳодшуда барои хонандагон имконият фароҳам меорад, ки мазмун ва моҳияти меъёрҳои қонунро ба таври дақиқ ва муназзам дарк намуда, онҳоро дар фаъолияти амалӣ самаранок истифода намоянд.

Аҳаммияти тафсир, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон тавонистаанд меъёрҳои қонунро аз нигоҳи моҳият, мазмун ва аҳаммияти иҷтимоӣ-сиёсӣ таҳлил намоянд. Ин равиш ба хонанда имкон медиҳад, ки қонунро ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ дарк намояд.

Сохтори тафсир мантиқӣ ва пайдарпай буда, аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст, ки ҳар як моддаи қонун бо шарҳи алоҳида фаро гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии он 312 саҳифаро ташкил дода, ин нишондиҳанда аз омӯзиши ҳамаҷониба ва амиқи қонуни зикргардида гувоҳӣ медиҳад.

Дар боби якум (Муқаррароти умумӣ) мафҳумҳои асосӣ, доираи амал ва заминаҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ баррасӣ мегарданд. Муаллифон мафҳумҳои калидиро бо истифода аз усулҳои муқоисавӣ ва таърихӣ таҳлил намуда, кӯшиш кардаанд мазмуни онҳоро дар доираи матни қонун ва дар иртибот бо рушди иҷтимоӣ ва сиёсати давлатӣ шарҳ дода шавад.

Боби дуюм (Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон) яке аз қисматҳои муҳимми китоб ба ҳисоб рафта, дар он масъалаҳои марбут ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ шарҳ дода шудаанд. Муаллифон мазмун ва самтҳои асосии ин сиёсатро бо истинод ба ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ ва афзалиятҳои стратегии рушди кишвар тавзеҳ дода, ҷойгоҳи қонунро дар низоми идоракунии давлатӣ равшан менамоянд.

Боби сеюм (Таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон) ба масъалаҳои таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ бахшида шуда, ҷанбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ, ташкилию методӣ ва молиявӣ-иқтисодии татбиқи қонунро дар бар мегирад.

Ин бахш дорои аҳаммияти амалӣ буда, дар он таваҷҷуҳи хос ба нақши таъминоти кадрӣ ва истифодаи воситаҳои муосири тарбиявӣ зоҳир гардидааст, ки барои амалисозии самараноки меъёрҳои қонун роҳнамоӣ менамояд.

Боби чорум (Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон) ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати ватандӯстӣ бахшида шудааст. Муаллифон дар шарҳи моддаи 19 шаклҳо ва самтҳои асосии амалигардонии танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз қабили таҳлил, банақшагирӣ, пешгӯӣ ва таъмини захираҳоро баррасӣ намуда, низоми идоракунии ин соҳаи муҳимро ба таври муназзам тавзеҳ медиҳанд. Ин қисмат барои дарки механизми амалисозии қонун аҳаммияти хосса дорад.

Ниҳоят, дар боби панҷум (Муқаррароти хотимавӣ) масъалаҳои вобаста ба ҷавобгарӣ ва тартиби мавриди амал қарор додани қонун шарҳ дода шудаанд, ки барои фаҳмиши пурраи механизми амалисозии он муҳим мебошад.

Яке аз бартариҳои асосии тафсир дар истифодаи равишҳои гуногуни илмӣ–таҳлилӣ, муқоисавӣ ва мантиқӣ зоҳир мегардад. Муаллифон танҳо бо шарҳи матни қонун маҳдуд нашуда, онро дар иртибот бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ баррасӣ намудаанд.

Тафсири мазкур дорои аҳаммияти назариявӣ барои рушди илми ҳуқуқшиносӣ мебошад, зеро дар он масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ таҳлил шудаанд.

Ҳамзамон, тафсир аҳаммияти баланди таълимӣ дошта, метавонад ҳамчун манбаи омӯзиш барои донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён истифода гардад. Забони равон ва услуби мантиқии баён имкон медиҳад, ки ҳатто хонандагони ғайримутахассис низ мазмуни қонунро ба осонӣ дарк намоянд.

Дар баробари ин, тафсир барои кормандони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ дастури амалӣ ба ҳисоб меравад. Он метавонад дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, сиёсати давлатӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ мавриди истифода қарор гирад.

Забони китоб илмӣ, дақиқ ва ҳамзамон оммафаҳм буда, яке аз бартариҳои муҳимми он ба ҳисоб меравад. Муаллифон тавонистаанд мувозинати байни услуби илмӣ ва оммафаҳмиро нигоҳ доранд. Истилоҳоти ҳуқуқӣ бо шарҳҳои мувофиқ пешниҳод шуда, фаҳмиши онҳоро барои хонандагон осон мегардонад.

Дар маҷмуъ, “Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»” дорои арзиши баланди илмӣ ва амалӣ мебошад. Зеро он шарҳи муфассали қонуни мазкурро дар бар гирифта, ба рушди маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Тафсири мазкурро метавон ҳамчун манбаи муътамад барои донишҷӯён, унвонҷӯён, омӯзгорон, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки дар самти татбиқи сиёсати тарбияи ватандӯстӣ фаъолият доранд, тавсия намуд.

Ин тафсир бо дарназардошти мазмун, сохтор, сатҳи таҳлил ва аҳаммияти амалии худ сазовори баҳои баланд буда, метавонад дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва татбиқи самараноки қонунгузории миллӣ саҳм гузорад.

Муродзода У.У., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ