ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР РОБИТА БА БЕМОРИИ СИЛ

13

Имрӯз ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил дар толори хурди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Бемории сил ва дигар бемориҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи тибби Донишгоҳ оғоз ёфт. Сипас намояндагони раёсати илмии Донишгоҳ конференсияро ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки чунин ҳамоишҳо имконият фароҳам меоранд, то дастовардҳо ва мушкилоти мубориза бо бемории сил аз нигоҳи илмӣ таҳлил гардида, тавсияҳои асоснок оид ба сабабҳо ва паёмадҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии он ба низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шаванд.

Дар идомаи конференсия масъалаҳои марбут ба татбиқи курсҳои кӯтоҳмуддати табобати МЛУ-ТБ, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи марказии машваратии тиббӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар назорати раванди табобати беморон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ифтитоҳи ҳамоиш намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуда, оид ба татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар самти мубориза бо бемории сил андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди илм, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати мутахассисон мусоидат менамояд.

Конференсия кори худро дар бахшҳои алоҳида идома дода, дар доираи он мубодилаи афкор ва пешниҳоди роҳҳои нави илмӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи тандурустӣ сурат гирифт.