ДАР ДМТ ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 БАРГУЗОР ГАРДИД

9

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимоти хатмкунандагони шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2025-2026 аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ баргузор гардид.

Дар ин замина, имрӯз (12.05.2026) дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимоти хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои муносибатҳои байналмилалӣ, таърих, фалсафа ва геология иштирок намуда, инчунин намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК Тоҷиктелеком, ва дигар муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ҳузур доштанд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сардори Раёсати таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Исмоил Шарипов оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки тақсимоти хатмкунандагон дар асоси «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» амалӣ гардида, мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои эҳтиёҷманд бо кадрҳои ҷавон сурат мегирад.

Ҳамзамон, намояндагони ташкилоту идораҳои иштироккунанда доир ба самтҳои фаъолияти сохторҳои худ маълумот дода, ба хатмкунандагон ҷиҳати фаъолияти босамар ва рушди касбӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки ҷалби мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ташкилоту идораҳои давлатӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кори мувофиқ заминаи мусоид фароҳам меорад.