Ахбор

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

1 дақ. хондан

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қадрдонии Хилолабону Толибӣ, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, баргузор гардид. Номбурда дар озмуни байналмилалии беҳтарин мақолаи илмии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон таҳти унвони «СҲШ: 25 сол ба хотири ояндаи устувор» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Зимни маросим намояндаи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Нодира Содиқзода, ки аз 8 то 20 октябр бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба Хилолабону Толибӣ ифтихорнома ва медал тақдим намуд.

Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хилолабону Толибиро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ комёбиҳои нав ва дастовардҳои назаррас орзу менамоянд.