Имрӯз (12.06.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ дар пояи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва дурнамо», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар кори ҳамоиш олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодону кормандон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами муқовимат ба савдои одамон ва роҳҳои такмили механизмҳои пешгирии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конференсияро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, ҳифзи он вазифаи муҳимми давлат ва ҷомеа мебошад.
Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ қайд намуд, ки савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини фаромиллӣ буда, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаъну шараф ва амнияти иҷтимоӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ин падида заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар идомаи ҳамоиш Неъматзода Саидҷаъфар – муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сатҳи ҷинояткорӣ ва тамоюлҳои муосири он» маърӯза намуда, оид ба вазъи ҷинояткорӣ, омилҳои таъсиргузор ва тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамзамон, Бухоризода Беҳрӯз Рустам – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия дар мавзуи «Пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон бо истифода аз зеҳни сунъӣ» маърӯза намуда, имкониятҳои технологияҳои муосирро дар ошкорсозӣ ва пешгирии чунин ҷиноятҳо шарҳ дод.
Зимнан, профессор Шарипов Тақдиршоҳ Шарипович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар мавзуи «Тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии таркиби ҷиноятии савдои одамон» баромад намуда, масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятиро мавриди таҳлил қарор дод.
Саидзода Ҷумахон Зикриё – сардори шуъбаи нозироти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ низ дар мавзуи «Ҷанбаҳои гендерии савдои одамон ва воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон» маърӯза пешниҳод намуда, омилҳои иҷтимоӣ ва гендерии ин падидаро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён масъалаҳои мубрами муқовимат ба савдои одамон, такмили механизмҳои пешгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи қурбониён ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ метавон дар самти пешгирӣ ва решакан намудани савдои одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.








