Имрӯз (17.06.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар пояи факултети ҳуқуқшиносӣ дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳамоиши илмӣ-тарғиботӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Донишгоҳ, омӯзгорон, унвонҷӯён ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба аҳаммияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода Сафамамад таъкид дошт, ки 16 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд, ки қонуни мазкур ифодаи сиёсати инсондӯстона ва иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими арзишҳои инсонгароӣ, адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Фирдавс Мирзоахмедов ва унвонҷӯйи ҳамин кафедра Нидозода Шаҳриёр бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, муҳтавои қонун, заминаҳои конститутсионии қабули он ва аҳаммияти иҷтимоии авфро шарҳу тавзеҳ доданд.
Таъкид гардид, ки мутобиқи қонуни қабулшуда амали он нисбат ба зиёда аз 18 ҳазор нафар татбиқ гардида, чандин шаҳрвандон аз адои ҷазо озод ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад. Ҳамчунин, қонун нисбат ба занон, ноболиғон, шахсони синнашон калон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа имтиёзҳои бештарро пешбинӣ намудааст. Зимнан дар ҳамоиш мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Изатулло Маҳмудов андешаҳои худро нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои таҳкими эҳсоси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, тарбияи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои бозгашти шаҳрвандон ба ҳаёти созанда баён намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими суботи ҷомеа, болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди давлатдории миллӣ мусоидат менамояд.








