Дар бахши илмҳои гуманитарии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили обу иқлим, дипломатия ва фарҳанг дар партави ташаббусҳои Пешвои миллат» ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш ба баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, густариши равобити дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ бахшида шуда, дар он олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар кори ҳамоиш доктори илмҳои таърих, профессор Мирзоев Н.М., директори Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Одинаев Р.Н., сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., инчунин кормандону собиқадорон иштирок намуданд.
Ҳамоишро директори Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, профессор Одинаев Р.Н. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур дар рушди тафаккури илмӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа нақши муҳим дорад.
Зимнан сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р. баргузории ҳамоиши мазкурро, ки ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаҳои обу иқлим, дипломатия ва фарҳанг бахшида шудааст, саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идома, н.и.т., дотсенти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шаҳноза Неъматова дар мавзӯи ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим маърӯза намуда, аҳамияти байналмилалии онҳоро барои ҳалли мушкилоти экологӣ, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор баён намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Мавсуф ҳамчунин ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба захираҳои обӣ, амнияти экологӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад. Дар ин замина, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифз ва омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала, саривақтӣ ва дорои аҳамияти махсус арзёбӣ гардиданд.
Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсент Фарзона Шамсиддинзода, ходими пешбари гуруҳи илмии Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, дар мавзӯи нақш ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши равобити дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш номзади илмҳои таърих. Сангинов Д.Н., ходими калони илмии шуъбаи илмҳои гуманитарии Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳифз, эҳё ва рушди фарҳангу таърихи миллӣ суханронӣ намуд. Қайд намуд, ки бо ибтикор ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик эҳё гардида, барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Таъкид шуд, ки таҷлили ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Сада, Меҳргон ва Тиргон, инчунин эҳёи суннатҳои таърихии мардумӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки таваҷҷуҳи хос ба омӯзиш ва тарғиби мероси таърихии миллат, аз ҷумла арзишҳои башардӯстонаи Эъломияи Куруши Кабир, ба муаррифии тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллатро дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, ҳифзи муҳити зист, рушди дипломатия ва фарҳанги миллӣ баланд арзёбӣ намуданд.








