Ахбор

НАҚШИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ: ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

4 дақ. хондан

Имрӯз (09.10.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши илму маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, сипас Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Дар конференсия директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, роҳбарият, олимону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарӣ ва дар заминаи сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона амалӣ гардида, барои таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ заминаҳои устувори ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин раванд, илму маориф ҳамчун ниҳодҳои муҳимми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи насли масъулиятшинос ва таҳкими муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия нақши муассир доранд.

Дар конференсия директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид, вазири маориф ва илм муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Акмалзода Нодир Носир ва декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, дотсент Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, нақши илму маориф дар пешгирии коррупсия, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорону кормандон ва рушди маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи чорабинӣ ба масъалаҳои густариши ҳамкории муассисаҳои илмию таълимӣ бо Агентӣ, амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши сабабу омилҳои коррупсионӣ ва истифодаи имкониятҳои низоми маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар маҷмуъ, баргузории конференсияи илмӣ-амалии мазкур барои таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ, табодули таҷриба ва андешаҳои илмӣ, муайян намудани роҳҳои самараноки пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар қисмати хотимавии конференсия маросими қадршиносӣ баргузор гардида, роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия, таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию зиддикоррупсионӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.