Имрӯз (10.10.2026) дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ вохӯрии намояндагони Донишгоҳ, аз ҷумла Сулаймонзода М. — мудири шуъбаи тарбия, Ҷаъфарзода С. — декани факултет ва дигар шахсони масъул бо волидони донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба раванди таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзии донишҷӯён, иштироки онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ, риояи интизоми дохилии Донишгоҳ ва таҳкими ҳамкории факултет бо волидон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози мулоқот роҳбарияти факултет оид ба вазъи таълим, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар раванди таҳсил, инчунин масъулияти муштараки омӯзгорон ва волидон дар самти таълиму тарбияи донишҷӯён суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир ҳамкории самараноки муассисаи таҳсилоти олӣ бо оила яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот, ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва касбии донишҷӯён ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимию тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои таълимӣ ва сатҳи азхудкунии донишҳо аз ҷониби донишҷӯён мавриди таҳлил қарор гирифта, ба масъалаи иштироки мунтазами онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ ва корҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, риояи интизоми таълимӣ ва талаботи дохилии Донишгоҳ ва масъалаҳои марбут ба тарбия баррасӣ гардиданд.
Дар идомаи вохӯрӣ волидон низ андешаҳои худро пешниҳод намуда, доир ба таҳсилу фаъолияти фарзандон, инчунин, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории мунтазам ва самарабахши факултет бо волидон метавонад дар баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён, беҳтар намудани сатҳи донишомӯзӣ, риояи интизоми таълимӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо нақши муҳим дошта бошад.
Дар фарҷом пешниҳод гардид, ки чунин мулоқотҳо бояд мунтазам идома ёфта, барои таҳкими робитаи муассисаи таҳсилоти олӣ бо оила ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу тарбияи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам созанд.
