Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи фаъолияти давлатдорӣ ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодии ҷавонон ва дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ҳадафи тарғиби омӯзиши осори Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва шиносоии насли ҷавон бо хусусиятҳои мактаби давлатдории Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ҷамъбасти озмун имрӯз дар фазои тантанавӣ доир шуд.
Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси сеюми факултети таърихи Донишгоҳ Абдуллозода Муҳиба фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., донишҷӯи ғолибро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи таҳсил, омӯзиш ва ба даст овардани комёбиҳои нави илмию эҷодӣ муваффақият орзу намуд.
Ин дастоварди донишҷӯи Донишгоҳ бозгӯи таваҷҷуҳи ҷавонон ба мутолиаи осори Пешвои миллат, рушди маърифати сиёсиву таърихӣ ва тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ мебошад.
