Ахбор

МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАРОВОНӢ, СИПОСГУЗОРӢ ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

4 дақ. хондан

Имрӯз (15.10.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иди бостонии Меҳргон – яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёинажод, ки рамзи фаровонӣ, ҳосилғундорӣ, шукргузорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқон маҳсуб меёбад, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Меҳргон ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва тарғиби арзишҳои меҳнатдӯстиву созандагӣ мақоми хос дорад. Ин ҷашни бостонӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоси худро дар ҳаёти маънавии ҷомеа ҳифз намуда, ҳамасола дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ таҷлил мегардад.
Чорабинии идона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо боздиди намояндагони раёсати Донишгоҳ ва сохторҳои гуногуни он аз гӯшаҳои идонаи факултетҳо оғоз ёфт. Дар ин гӯшаҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзии ватанӣ, меваю сабзавоти тару тоза, ҳосили меҳнати деҳқонон, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастархони миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ороиши идона ва фаровонии маҳсулот бозгӯи самараи заҳмати аҳли меҳнат, неъматҳои табиат ва ғановати фарҳанги миллии тоҷикон буданд.
Сипас, дар толори калони Донишкадаи Конфутсий барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Раҷабзода Ф.К. зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои куҳани мардуми тоҷик буда, аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, қадршиносии заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари робитаи инсон бо замин таҷлил мегардид. Эҳтиром ба чунин ҷашнҳои миллӣ арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мардум буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии насли ҷавон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ чанде аз устодони Донишгоҳ оид ба таърихи пайдоиш, решаҳои қадимӣ, ҷойгоҳ ва аҳаммияти Меҳргон дар тамаддуни мардуми тоҷик маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Зимни маърӯзаҳо зикр гардид, ки Меҳргон аз қадим ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ, фаровонӣ ва меҳнатдӯстӣ таҷлил шуда, мардум дар ин рӯз самараи заҳмати худро қадр мекарданд ва ба неъматҳои табиат арҷ мегузоштанд. Ин ҷашн на танҳо бозгӯи дастовардҳои кишоварзӣ ва фаровонии ҳосил, балки василаи тарғиби таҷрибаи пешқадам, эҳтиром ба замин ва қадршиносии саҳми деҳқонон дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ мебошад.
Меҳргон ҳамзамон дорои аҳаммияти муҳимми маънавию тарбиявӣ буда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ, сарфакорӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат ҳидоят менамояд. Дар шароити имрӯзаи ҷомеа арҷгузорӣ ба ин ҷашни бостонӣ барои таҳкими арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба таъриху тамаддуни ниёгон мусоидат мекунад.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муҳити донишгоҳӣ, дар баробари баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии донишҷӯён, ба шинохти амиқтари мероси миллӣ, таҳкими пайванди наслҳо ва тарғиби анъанаҳои неки мардумӣ замина фароҳам меорад. Меҳргон ба насли ҷавон меомӯзонад, ки қадршиносии меҳнат, эҳтиром ба инсон ва табиат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа мебошанд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатиро пешкаши ҳозирин гардонд. Сурудҳои дилнишин ба маҳфили идона ҳусни тоза бахшид.