Ахбор

ВОХӮРИИ МАЪРИФАТИВУ ТАРБИЯВӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ХИМИЯ ВА ФАРМАТСЕВТӢ

2 дақ. хондан

Имрӯз (18.11.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ ва риояи интизоми донишгоҳӣ вохӯрии маърифативу тарбиявӣ бо донишҷӯёни факултетҳои химия ва фарматсевтӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони сохторҳои дахлдори Донишгоҳ, аз ҷумла кормандони шуъбаҳои ҳуқуқ, тарбия ва назорати сифати таҳсилот, муовинони декан оид ба тарбия, сарпарастони гуруҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия, риояи талаботи Оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, инчунин меъёрҳои одоби донишҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки риояи интизоми донишгоҳӣ, муносибати масъулона ба таҳсил ва эҳтиром ба устодону ҳамсабақон аз муҳимтарин омилҳои ташаккули шахсияти соҳибмаърифат ва мутахассис ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва тақвияти масъулияти шаҳрвандии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои мубрам, зарурати истифодаи оқилона ва мақсадноки интернету шабакаҳои иҷтимоӣ,
риояи фарҳанги муошират дар фазои маҷозӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунӣ, коррупсия, терроризм ва экстремизм таъкид гардид. Иброз шуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии ҳар як донишҷӯ дар пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб нақши муҳим дорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа бояд аз рӯзҳои нахустини таҳсил ба омӯзиши пайваста, азхудкунии донишҳои назариявию амалӣ, риояи интизоми донишгоҳӣ ва такмили малакаю маҳорати касбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро танҳо тавассути донишандӯзӣ, худтакмилдиҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд ҳамчун мутахассисони соҳибкасб, соҳибмаърифат ва барои ҷомеа муфид ба камол расанд.