Ахбор

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ВА КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

2 дақ. хондан

Имрӯз (16.11.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллӣ дар кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш сардори раёсати таълим, н.и.ҳ. дотсент Шарифзода И.М., директори Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарифзода Ҷ.С., мудири кафедраи ҳарбӣ полковник Қурбонзода Д. ва донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисод ва идора Алиев А. суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент дар кишвари мо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои Сарвари давлат дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ мебошад. Рӯзи Президент рамзи нақши Президенти кишвар дар рушд ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Махсусан, арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми кишвар боиси дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни муҳимми миллӣ гаштааст. Иброз шуд, ки маҳз талошу ҷонисорӣ ва ҷасорату дурандешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллат аз ҳоли парокандагӣ ва давлат аз ҳоли нестшавӣ наҷот дода шавад. Дар охир таъкид шуд, ки ҷавононро зарур аст, то аз мактаби бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти мардумӣ ва кафили сулҳу субот дарси ибрат гирифта, дар рушди ояндаи давлатдорӣ саҳмгузор бошанд.