Ахбор

ДАР ДОНИШГОҲ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

3 дақ. хондан

Имрӯз (26.11.2026) дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар ҳошияи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ гардидааст, баргузор шуда, ба шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва баррасии роҳу усулҳои амалисозии нақшаи мазкур бахшида шуд.

Чорабиниро мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Бурҳоналӣ ифтитоҳ намуда, зимни сухани муқаддимавӣ зикр кард, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ буда, дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон аҳаммияти махсус дорад.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз – муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсия ва Ҳусензода Файзиддин – нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳимми татбиқи стратегия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии кормандону донишҷӯён мебошад. Дар ин замина, ба зарурати мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, таблиғотию ташвиқотӣ, шарҳу тавзеҳи моҳияти муқовимат ба коррупсия ва фаҳмонидани оқибатҳои ҳуқуқию ҷиноятии содир намудани амалҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Зимни суханрониҳо иброз гардид, ки ҳадафи асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ тақвият бахшидани муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Таъкид карда шуд, ки пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар пешгирии ин зуҳурот фаъолона иштирок намуда, дониш, малака ва неруи худро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ равона созад.