News

ТАЪКИДИ АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР КОНФРОНСИ УМУМИҶАҲОНӢ

3 min read

Дар доираи Конфронси умумиҷаҳонии забони чинӣ, ки рӯзҳои 13-15 ноябри соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин маъруза намуда, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва аҳаммияти онҳоро барои густариши ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муаррифӣ кард.
Дар маъруза иброз гардид, ки бо талошҳо ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории ду кишвар мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, барои тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф имкониятҳои бештар фароҳам омадаанд. Таъкид шуд, ки масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ мавқеи муҳим дошта, барои густариши муносибатҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат заминаи устувор мегузоранд.
Ректори Донишгоҳ зимни муаррифии иқдомҳои Тоҷикистон зикр намуд, ки кишвари мо ба рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулонаи он дар равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимест, ки ба ташаккули иқтидори миллӣ дар ин самт, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд. Ҳамчунин, 31 августи соли 2026 бо ташаббуси кишвари мо қатъномаи дигари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.
Дар фарҷоми маъруза ректори Донишгоҳ омодагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо муассисаҳои илмиву таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо дар самти омодасозии омӯзгорони соҳибкасб, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва истифодаи мақсадноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ иброз намуд. Таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои донишгоҳӣ ба рушди неруи инсонӣ, тақвияти эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Тоҷикистон ва Чин мусоидат менамояд.