Имрӯз (16.09.2020) чанде аз устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ-ташвиқотиро таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст” амалӣ намуд.
Бо мақсади дар кӯчаву роҳравҳо ва даромадгоҳи корхонаву биноҳои истиқоматӣ насб кардани варақаҳои тарғиботӣ аз ҳисоби 90 нафар донишҷӯи факултетҳои химия, тиббӣ ва дорусозӣ 6 гурӯҳ ташкил карда шуда, бо намояндагӣ аз устодони факултетҳо ва кормандони раёсат аксия амалӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳҳо 1500 адад варақаи таблиғотиро дар кӯчаву роҳравҳо ва даромадгоҳи корхонаву биноҳои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Алишер Навоӣ, Бухоро, Ҳусейнзода ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе насб намуда, ҳамзамон, варақаҳои таблиғотиро ба сокинони шаҳри Душанбе тақсим карданд.