БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ: ҒИЗОИ МАЪНАВӢ ВА АФЗУН НАМУДАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ

748

Имрӯз бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. гурӯҳи кормандони донишгоҳ барои афзун намудани донишҳои фарҳангӣ-таърихӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Кормандони самти илми донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. сафарбар гардида, бо роҳбаладони осорхона Бахтиёр Раҳимов ва Мадина Ваҳҳобова аз толорҳои таърихии осорхона дидан карданд.

         Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллӣ ба як макони илму адаб мубаддал гаштааст, ки бинандаро ороиши зебоияш дар ҳайрат мегузорад. Аз гуфтаҳои роҳбаладон фаҳмидем, ки ин макони маърифат аз толорҳо таърихӣ иборат аст ва ҳар яки он давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегиранд.

            Ҳамаи он воқеаву ҳодисаҳое, ки мо дар саҳифаҳои таърих хондаем, дар нигораҳои осорхона ба чашм мебинем.  Мо аз толорҳои гуногуни осорхона, аз ҷумла толори ҳунарҳои мардумӣ,  олами ҳайвоноту наботот, толори таърихи Бостон ва шиносои аз ёдгориҳои он давра, толори бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, толори   санъати тасвирию мусиқӣ  тамошо кардем.

Воқеан, ин иқдом дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр ҳам муҳим буда, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд гаштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.

 Зимнан аз директори Осорхонаи миллӣ, муҳтарам Ибодуллозода А. ҷиҳати татбиқи чунин иқдом ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоем.