ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР СОҲАИ ҲАРБӢ

1036

Имрӯзҳо устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ дар риштаҳои гуногун тадқиқоти илмӣ анҷом дода, дар рушди илму таълим саҳми назаррас мегузоранд. Устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ аз ҷумлаи пажӯҳишгарони донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ба тадқиқоти илмӣ машғул шуда, ба унвонҳои гуногуни илмӣ шарафёб мегарданд.

Чанде пеш устоди кафедраи ҳарбии донишгоҳ Мирзокаримзода Алишер Мирзовалӣ дар мавзӯи “Афзалияти ташаккули мавқеи ҳарбӣ – ватанпарастии талабагони синфҳои боло дар машғулиятҳои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ омода намуда, дар КОА-и Федератсияи Русия дифоъ намуд.

Мавсуф дар рисолаи номзадиаш паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкурро мавриди таҳлил қарор додааст. Вобаста ба ҷанбаҳои илмию амалии мавзӯъ дар бобҳои рисолаи номзадӣ: «Таҳқиқи ақидаҳои тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии талабагони синфҳои боло дар таҳқиқоти равоншиносӣ – педагогӣ», «Тағири идеология, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастӣ дар мактабҳои марзҳои баъди Шӯравӣ» ва «Вазъи интихоби ихтисоси ҳарбӣ аз ҷониби талабагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» маълумоти муфассал оварда шудааст.

Дар умум метавон гуфт, ки таҳқиқоти Мирзокаримзода А.М. ҷиҳати мукаммал гардонидани ватандӯстии талабагон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хуб тарбия намудани ҷавонон ва омода намудани онҳо ба хизмати Ватан мусоидат менамояд.

Дирӯз (31.03.2021) дар кафедраи ҳарбии донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардид ва роҳбарияти кафедра Мирзокаримзода А.М.-ро барои дифоъи рисолаи номзадӣ самимона шодбош намуд. Таъкид шуд, ки дар солҳои охир Мирзокаримзода А.М. аввалин нафарест, ки дар кафедра рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак!