Бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз вохӯрии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети иқтисод ва идора доир гардид.
Ректори донишгоҳ ба садорат ва устодони факултети мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таълимӣ, хоҷагидорию байналмилалӣ дастурҳои мушаххас дода, мақсад аз силсилавохӯриҳоро беҳтар гардонидани фаъолияти факултет ва дар умум донишгоҳ унвон намуд.
Нуктае аз ин нишаст:
1. Ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ. Ректори донишгоҳ дастур дод, ки табодули устодону донишҷӯён ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва такмили дониш ин табодули устодон ба хориҷи кишвар ва баракс, инчунин, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
2. Ҷоннок намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар факултет. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили созмони ҷавонон, кумитаи иттифоқи касаба ва бахши занон дар факултет бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гиранд. Агар ин созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо донишҷӯён хуб кор кунанд, дар самти тарбия мушкилиҳо зуд ҳалли худро меёбанд. Ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти ин созмону ташкилотҳо вобаста аст ва барои сабзидани донишҷӯён имконияти хубе мебошад.
3. Масъулиятнок будан дар кор. Таъкид шуд, ки агар шахс бо масъулият аз паси иҷрои кор шавад ва вазифаи ба дӯш доштаро сари вақт иҷро намояд, мушкилие дар фаъолияти корӣ дида намешавад. Масъулиятнок будан вазифаи ҳар яки мост.