ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”

476

Имрӯз (16.05.2023) дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ даври ниҳоии даъвати 16-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” дар соли 2023 миёни толибилмон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагон Мактаби байналмилалии президентӣ, намояндагони ширкатҳои хитой, намояндаи Палатаи савдои хитой, намояндаи сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Аз ҷумла, мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чен Дайвэн, корманди сафорат Ван Фей, Зэн Сиенфа ва Ҷиян Венжао, директори “Империяи дониш” хонум Кулобиева Манзура, раиси Федератсияи Ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Самидҷон Салахидинов, раиси филиали ширкати сохтмонии “Синҷиян” дар Тоҷикистон ҷаноб Дин Дин, раиси ширкати Роҳсозии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷаноб Вен Ёнфин, раиси ширкати масолеҳи сохтмонии Данғара ҷаноб Ҷияв Нин, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон Қасимов Фаррух ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Чин ҷаноб Лю Ҷианвей.

Муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз ҳамсоядавлатҳои дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо омӯзиши забони чинӣ метавон бештари мардуми тоҷикро бо таърих ва фарҳанги мардуми ин давлат ошно намуд. Имрӯзҳо дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудааст, ки аксарияти ин толибилмон дар Донишкадаи Конфутсия низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.

Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мешавад.

Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 кишвари дунё ҷалб карда, барои донишҷӯён ва толибилмон як платформаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гаштааст – ва бренди машҳур дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамчун “озмуни забон”, ки пули умумиҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, маъмул гаштааст.

Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон яке аз барномаҳои муҳими пайвасткунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ба шумор меравад ва дар озмуни имрӯза 8 нафар довталабон қувваозмоӣ намуда, маҳорату истеъдоди хешро нишон доданд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал ба Абӯалии Синонзод, ҷойи дуюм ба Камолиддин Икромов ва ҷойи сеюм ба Ёсумани Мирзо дода шуд.