СҲШ ВА АВРУОСИЁ

71

«Дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз созмонҳои байналхалқӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо манфиатҳои миллии худро дар доираи як низоми муайян пайгирӣ намоянд. Имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ мавҷуданд, ки доираи гуногуни давлатҳоро фаро гирифта, дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши созандаи худро мегузоранд. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақавие мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад». Ин андеша имрӯз (29.09.2021) аз ҷониби коршиносони соҳа зимни баргузории семинари ҷумҳуриявии илмию назариявӣ, ки дар пояи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид, гуфта шуд.

Нишаст дар мавзӯи «Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмин ва ҳифзи субот дар паҳнои Авруосиё» доир гардид, ки дар кори он намояндаи илми донишгоҳ Абдуллозода Р. ва муҳаққиқону коршиносони соҳа иштирок доштанд. «Нишасти СҲШ дар Душанбе ва пешомадҳои амну суббот дар минтақа», «СҲШ дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мақоми СҲШ дар мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби сиёсати ҷаҳон» аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар ин ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.