ВОХӮРӢ: АФЗУН НАМУДАНИ ДОНИШҲОИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

807

Имрӯз (17.11.2021) дар толори калони ДМТ тибқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндаи КДАМ Валиев Н.М. доир гардид.      

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳиммияти вохӯрии мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳдиди хатарҳои терроризму экстремизм ба ҷомеаи муосир яке аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти мазкур мебошад.

Намояндаи КДАМ Валиев Н.М. дар робита ба таҳдиди хатарҳои геопалитикӣ ба амнияти миллӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки амнияти миллӣ аз арзишҳои муҳимми мардум ва кишвар аст. Корбурди ин мафҳум ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байналхалқии он матраҳ мешавад. Таҳдидро шояд метавон дар муқобили амният қарор дод. Онҷое, ки амният набошад ҳеҷ коре ба сомон намерасад, оромише вуҷуд надорад, коре пеш намеравад ва ин масъала барои ҳукуматҳои кишварҳо аз вазифаҳои аввалиндарҷаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин гуфтор роҷеъ ба авзои геопалитикии Афғонистон, амнияти минтақа ва мавқеи устувори Тоҷикистон дар самти қазияи Афғонистон суханронӣ намуд.

Мавсуф доштани донишҳои наву замонавӣ, зиракии сиёсӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои геопалитикиро вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи ҷавонмардӣ унвон намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо Валиев Н.М. роҷеъ ба татбиқи санадҳои дар ин самт қабулшуда, баргузории пайвастаи вохӯриҳо, ҳалли масоили Афғонистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои геопалитикӣ саволу ҷавоб намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо дар самти афзун намудани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва беҳтар гардонидани тарбияи ахлоқии онҳо судманд мебошад.