Ҳамватанони гиромӣ!
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷлили он ифодагари эҳтиром ба давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва қадршиносии хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, самимона табрик менамояд.
Ин санаи муҳим бо марҳалаҳои сарнавиштсози таърихи навини халқамон, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими асосҳои давлати соҳибистиқлол ва ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ пайванди амиқ дорад. Бузургдошти он барои дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, инчунин ҳифзи арзишҳое, ки бақову пойдории давлату миллат ба онҳо вобаста мебошад, аҳаммияти хосса дорад.
Дар даврае, ки Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва хатари аз даст рафтани давлатдории миллӣ рӯ ба рӯ гардида буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, барқарор намудани сулҳ, таъмини амнияти ҷомеа ва сарҷамъии мардумро меҳвари фаъолияти хеш қарор доданд. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои хотима бахшидан ба муқовимати мусаллаҳона, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ба маҷрои созандагӣ раҳнамун сохтани ҷомеа заминаи устувор фароҳам омад.
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мазмуни амалии сиёсати давлатӣ гардида, рушди иқтисоди миллӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум пайгирона идома ёфт. Сиёсати хориҷии санҷидашуда ва ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таҳким бахшиданд.
Дар сиёсати давлатсозии Пешвои миллат илму маориф ҳамчун омили пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори миллӣ ҷойгоҳи меҳварӣ доранд. Таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди таҳсилоти олӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии пажӯҳишҳои илмӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои омӯзиш барои ҷавонон масъулияти аҳли илму маорифро дар назди давлат ва ҷомеа боз ҳам бештар мегардонад.
Барои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат, пеш аз ҳама, дар фаъолияти содиқона, таъмини сифати таълиму таҳқиқ, тарбияи мутахассисони донишманду соҳибкасб ва таҳкими маърифати ҳуқуқиву фарҳанги шаҳрвандии ҷавонон ифода меёбад. Рисолати мо аз он иборат аст, ки неруи илмӣ ва имкониятҳои таълимии Донишгоҳро ба ҳалли масъалаҳои рушди мамлакат равона сохта, дар тарбияи насли дорои тафаккури созанда, худшиносии миллӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ саҳми сазовор гузорем.
Итминон дорам, ки аҳли Донишгоҳ минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди илму маориф, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон саъю талош хоҳанд кард.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, умри дароз ва дар иҷрои рисолати таърихии давлатдорӣ ба хотири таҳкими истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва таъмини саодати мардуми Тоҷикистон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоем. Ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона, рушди устувор ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо камоли эҳтиром, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин
