Санаи 12-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М. бо сармушовири бахши ҳамкорӣ бо ВАО ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон Жексембекова Венера Абихановна мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои судманди ДМТ бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуданд.