Ахбор

ПЕДАГОГИКАИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҲАВВУЛИ ТАЪЛИМОТИ МУОСИР

2 дақ. хондан

Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, курси такмили ихтисоси «Педагогикаи мактаби олӣ ва зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.

Курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили маҳорати касбӣ ва рушди салоҳиятҳои педагогии омӯзгорон, инчунин шиносоӣ бо имкониятҳои технологияҳои муосири рақамӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар раванди таълим ташкил карда шуд. Дар ҷараёни машғулиятҳо масъалаҳои мубрами педагогикаи мактаби олӣ, усулҳои муосири ташкили раванди таълим, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати таҳсилот мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни курс бо равишҳои нави таълим, имкониятҳои амалии истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ дар таҳияи маводи таълимӣ, омодасозии машғулиятҳо ва такмили фаъолияти илмӣ-методӣ шинос гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва рақамикунонии соҳаи маориф истифодаи мақсадноки зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир ба яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ табдил ёфтааст. Чунин ташаббусҳои омӯзишӣ барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгорон ба талаботи таҳсилоти муосир заминаи мусоид фароҳам меоранд.