Ахбор

БА ХОТИРИ ШОИРИ МИЛЛАТ: БОЗОР СОБИР ВА МОНДАГОРИИ ШЕЪРИ Ӯ

1 дақ. хондан

Имрӯз (20.11.2026) ба муносибати зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир бо ибтикори факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёни факултет дар оромгоҳи шоир ҷамъ омада, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо ба хотираи неки ин шоири маъруф арҷ гузоштанд.

Дар чорабинии хотирмон иштирокдорон бо қироати ашъори шоир аз рӯзгору осор, мақому манзалати адабии ӯ ва саҳми мондагораш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки Бозор Собир аз ҷумлаи шоирони соҳибсабку соҳибандешаест, ки бо шеъри пурмуҳтаво, забони шевову тасвирҳои муассир ва андешаҳои баланди ватандӯстона дар қалби хонандагон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.

Чунин иқдомҳо дар роҳи гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи адабиёти миллӣ, пос доштани хотираи неки онҳо ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси адабӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Хотираи неки Бозор Собир ва осори ҷовидонаи ӯ ҳамеша дар қалби дӯстдорони шеъру адаб зинда хоҳад монд.